ОШТӢ ШУДАН БО ҶАБРДИДА ДАР НИЗОМИ АСОСҲОИ ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ: МОҲИЯТ, ТАЪРИХ ВА ДУРНАМОИ РУШД
Мақолаи илмӣ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи моҳият, табиати ҳуқуқӣ, ҷойгоҳ ва нақши падидаи оштӣ шудан бо ҷабрдида дар низоми ҳуқуқи ҷиноятии муосир бахшида шудааст. Дар шароити рушди тамоюлҳои инсондӯстгӣ сиёсати ҷиноятӣ ва густариши ғояҳои адолати барқароркунанда масъалаи такмили механизмҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст. Аз ин нуқтаи назар, падидаи оштӣ шудан бо ҷабрдида ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми таъмини тавозуни манфиатҳои давлат, ҷабрдида ва шахси ҷинояткор баррасӣ мегардад. Мақсади таҳқиқ муайян намудани хусусиятҳои назариявӣ ва амалии падидаи мазкур, омӯзиши марҳилаҳои ташаккули таърихии он, таҳлили таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва муайян намудани самтҳои асосии такмили қонунгузории миллӣ Дар раванди таҳқиқ усулҳои таҳлили мантиқӣ-ҳуқуқӣ, таърихӣ-ҳуқуқӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, сохторӣ-функсионалӣ ва низомнок истифода шудаанд. Дар асоси таҳлили сарчашмаҳои ил
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 3, С. 263
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан