Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Дар мақола асосҳои ҳуқуқӣ ва марҳилаҳои рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия таҳлил гардидаанд. Раванди ташаккул ва такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ, таъсиси мақомоти махсусгардонидашуда ва қабули стратегияҳои давлатии муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф гузариш аз сиёсати «мубориза бо коррупсия» ба сиёсати фарогири «муқовимат ба коррупсия» -ро таҳлил намуда, аҳамияти пешгирии коррупсия, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани шаффофият ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсиониро асоснок менамояд. Дар натиҷа, зарурати такмили минбаъдаи механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия таъкид мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ коррупсия ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам ва таҳдидҳои ҷиддӣ ба рушди устувори давлатҳо ва ҷомеа эътироф гардидааст. Ин

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 237
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан