Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллиф нақши Кодекси замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҳосилхезгадонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар рушди ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Махсусан, кодекс, қонун, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардидаанд, нишондоди мушаххасро оид ба танзими ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ пешбинӣ менамоянд, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар шароити муосир масъалаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Замин ҳамчун воситаи асосии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ҳаёти ҳар як инсон в

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 210
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан