Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ» БО ҚОНУНГУЗОРИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Дар мақола таҳлили муқоисавии меъёрҳои қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро муқаррар менамоянд, гузаронида шудааст. Инчунин, мушкилоти танзими қонунгузорӣ баррасӣ гардида, дар заминаи он тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ таҳия гардидааст. Дар шароити муосир масъалаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Замин ҳамчун воситаи асосии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ нақши муҳим дорад. Бо мақсади танзими раванди и

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 196
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан