МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ-МОЛИЯВИИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР
Дар мақола нуқтаи назарҳои гуногун оид ба ҷанбаи молиявӣ -ҳуқуқии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баррасӣ мешаванд. Хулоса мешавад, ки барои такмил додани танзими молиявию ҳуқуқии муносибатҳои ҳисоббаробаркунӣ, ҷузъи иттилоотии табиати ҳуқуқии пул аҳамияти бештар дорад. Қайд кардан зарур аст, ки таҳти мафҳуми муносибатҳои ҳисоббаробаркунӣ муносибатҳои ҷамъиятии аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқи муомилоти пулӣ танзимшаванда фаҳмида мешаванд, ки вобаста ба амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ дар ҷараёни фаъолияти иқтисодӣ ва фаъолияти марбут ба он, инчунин байни онҳо ва давлат дар раванди иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ ба вуҷуд меоянд. Мушкилоти дар раванди ташкили идоракунии давлатӣ дар соҳаи муомилоти пулӣ ба миён омада, то андозае бо норасоии таҳқиқоти бунёдии назариявӣ алоқаманд мебошанд. Дар баробари ин, нақши калидиро дар такмил додани таъсири давлат ба иқтисодиёт м
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 3, С. 145
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан