Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ ДАР ДАВРОНИ ШУРАВӢ

Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои ҳуқуқи оилавӣ дар давраи шуравӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки давраи шуравӣ на танҳо шакли нави муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодиро ба вуҷуд овард, балки ба ҳуқуқи оилавӣ низ мазмуну меъёрҳои тоза, ба монанди баробарии зану мард, ихтиёрии никоҳ, бақайдгирии давлатӣ, ҳимояи кӯдакон ва мубориза бо никоҳҳои диниро ворид кард. Омӯзиши хусусиятҳои ҳуқуқи оилавии шуравӣ ба дарки раванди ташаккул ва инкишофи қонунгузории оилавӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд, зеро аксарияти принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи оилавии шуравӣ дар қонунгузории амалкунандаи кишвар инъикос гардидаанд. Ҳуқуқи оилавӣ дар давраи шуравӣ дар асоси идеология ва сиёсати давлат ташаккул ёфта, ба баробарии шаҳрвандон ва ҳифзи оила равона гардида буд. Дар қонунгузории шуравӣ хусусияти муҳими ҳуҳуқи оилавӣ дар принсипи баробарии занон ва мардон дар тамоми с

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 118
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан