АСОСҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ТАҲҚИҚИ МАФҲУМИ АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚ
Дар мақолаи мазкур асосҳои методологии мафҳуми амалишавии ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар он мазмуну моҳияти истилоҳи методология, инчунин мафҳум ва аҳамияти амалишавии ҳуқуқ таҳлил гардидааст. Мафҳуми амалишавии ҳуқуқ дар доираи андешаҳои мухталифи олимону муҳаққиқон ба риштаи илм кашида шуда, омилҳои муҳим будани мавзуи мазкур пешкаш карда шудааст. Муаллиф мафҳуми васеи шаклҳои амалишавии ҳуқуқро аз нигоҳи назариявӣ ва амалӣ пешкаш намудааст. Аз ин рӯ, амалисозии ҳуқуқ бо мақсади воқеӣ намудани меъёрҳо ва нишондоди ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои конститутсионии марбут ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, амалӣ намудани ваколатҳои қонунии мақомоти татбиқи ҳуқуқ, таъмини амали қонунии субъектон, таъмини мувофиқати байни мақсадҳои танзими ҳуқуқӣ, муайян намудани моҳияти аслии меъёру нишондоди ҳуқуқӣ сурат мегирад. Шаклҳои амалишавии ҳуқуқ яке аз масъалаҳои муҳимӣ илму амал
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 95
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан