Central AsianResearch Index

ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚИИ ПАЙДОИШИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар мақола ба таври назариявӣ ва амалӣ масъалаҳои заминаҳои таърихӣ -ҳуқуқии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ дар Тоҷикистон мавриди таҳлили васеи илмӣ қарор дода шудааст. Зикр гардидааст, ки заминаҳои таърихӣ -ҳуқуқии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраҳои бостонӣ бармегарданд, ки дар он ҷо аввалин шаклҳои ташкилоти сиёсӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада буданд. Осори хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, шаклҳои ибтидоии давлатдорӣ ва қонунгузорӣ вуҷуд доштанд, ки ба танзими ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда буданд. Пайдоиш ва ташаккули давлат ва ҳуқуқ яке аз масъалаҳои муҳими илми таърих ва ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад, ки дарк ва таҳлили он барои фаҳмиши равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Дар Тоҷикистон, ин рава

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 85
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан