НАҚШИ БАШАРДӮСТОНАИ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶОЙҲОИ МАҲРУМӢ АЗ ОЗОДӢ
Гуманизми тарбияи ҳуқуқӣ ба шаклгирии чунин сифатҳо ба монанд и: эҳтироми ҳуқуқи инсон, эҳтироми ҷомеа, эҳтироми арзишҳои маънавӣ ва фаъолиятӣ ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Гуманизм-инсондӯстӣ инсонро чун баландтарин арзиши мавҷуд дар ҷаҳон эътироф мекунад. Инсон ва манфиатҳои ӯ дар маркази диққати давлату ҷомеа қарор дорад. Ҳадаф афзудани хушбахтии ӯ дар ҳаёти имрӯза мебошад. Инсондӯстӣ ба қудрати ақли инсон, дониш ва илм барои ҳалли мушкилоти инсонӣ боварӣ дорад. Тавассути ақл инсон метавонад ба воя ва сифати зиндагии худ бирасад. Инсон барои амалҳои худ дар назди ҷомеа ва давлат масъул мебошад. Ахлоқ ба воситаи ақл ва меҳрубонию шафқат муайян мешавад, на тавассути фармоиши беруна. Раванди тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз шахси маҳкумшуда ба системаи бозсозӣ дохил намудани принсипҳои инсондӯстиро дар бар мегирад. Ин принсип, яъне идеали инсондӯстӣ дар моддаи 10 Кодекси иҷрои
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 80
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан