ШАКЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚТАТБИҚКУНИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Дар мақолаи мазкур шаклҳои асосии фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда мешаванд. Муаллиф он мафҳум, мазмун ва таснифоти шаклҳои фаъолияти ҳуқуқтатбиқкуниро баррасӣ намуда, хусусиятҳои ҳар як шаклро муайян месоза нд. Дар асоси таҳлили қонунгузории ҷорӣ ва адабиёти илмии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор баровардa шудаанд. Пайдоиши ҳуқуқ пеш аз ҳама ба танзими ҳолатҳои амалии инфиродӣ равона шудааст. Ин инфиродӣ будан маънои амалҳои ягона ё якмаротиба дар татбиқи ҳуқуқ надорад, баръакс, пуррагии моҳиятии муносибати мушаххаси зиёди амалҳоро аз ҷониби татбиқкунандаи ҳуқуқ таҳрик мекунад. Ҳамчунин, дар натиҷаи иҷрои чунин амалҳо маълумот ҷамъ мешавад, ки қисми ҳуқуқии судмандаш метавонад ба меъёрхои ҳуқуқӣ табдил ёбад. В.Н. Леушин, менависад, ки таҷрибаи судманд барои қавӣ кардани қонунмандӣ ва такмил додани қонунгузорӣ маҳз дар раванди татбиқи ҳуқуқ ама
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 57
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан