Central AsianResearch Index

ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ ЗАМИНАИ АМАЛИГАРДИИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН: ТАҲҚИҚИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар мақола масъалаҳои эътирофи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба интернет ҳамчун заминаи асосии амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асри XXI мавриди таҳқиқи илмӣ -назариявӣ қарор гирифтааст. Муаллифон бо таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ ва қонунгузории кишварҳои хориҷӣ, зарурати кодификатсияи қонунгузории рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок менамоянд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди Ҳукумати электронӣ ва ҳифзи додаҳои шахсӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ зоҳир шудааст. Дар натиҷа, зарурати қабули Кодекси рақамӣ ҳамчун кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон пешниҳод гардидааст. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, пайдоиши зеҳни сунъӣ ва гузариш ба ҷомеаи рақамӣ, нақши интернет дар ҳаёти инсон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Имрӯз интернет танҳо воситаи иртибот ва ё дилхушӣ набуда, балки муҳити муҳимми амалигардӣ ва ё татбиқи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба шумор меравад. Лозим ба зикр

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 50
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан