Central AsianResearch Index

ҶАНБАҲОИ МУОСИРИ ТАКМИЛИ ВАЗЪИ МАЪМУРӢ-ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР РАВАНДИ ТАНОСУХИ РАҚАМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи пешниҳодшуда таҳлили ҳамаҷонибаи илмию назариявии вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ба анҷом расонида шудааст. Муаллиф се қисмати мавқеи ҳуқуқии хизматчии ҳарбиро ҳамчун субъекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқӣ тадқиқ намудааст, ки он на танҳо маҷмӯи ҳуқуқу вазифаҳои умумишаҳрвандӣ ва касбӣ, балки низоми маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои бо қонунгузорӣ муқарраршударо, ки аз хусусиятҳои хоси хизмати ҳарбӣ бармеоянд, дар бар мегирад. Дар мақола таҳлили заминаҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ислоҳоти охирини қонунгузории солҳои 2024 -2026 гузаронида шудааст. Мақоми марказиро дар тадқиқот равандҳои таносухи рақамии бахши мудофиа ишғол менамояд. Муаллиф ҷорӣ намудани механизмҳои инноватсионӣ, аз қабили платформаҳои махсусгардонидашудаи рақамӣ ва феҳристҳои давлатиро мавриди таҳлил қарор додааст, ки о

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 435
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан