ИШТИРОКИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДАР РАВАНДИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ ҲАМЧУН АСОСИ ТАЪМИНИ ПРИНСИПИ ИЛМИЯТ
Мақолаи мазкур ба масъалаи иштироки муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ҳамчун омили муҳими таъмини принсипи илмият бахшида шудааст. Муаллиф моҳият ва аҳамияти ҳуқуқэҷодкунӣ, нақши муассисаҳои илмӣ, олимон ва ҳуқуқшиносонро дар таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар мақола таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, инчунин саҳми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили қонунгузории кишвар нишон дода шудааст. Қайд карда шудааст, ки густариши ҳамкориҳои доимии мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба баланд гардидани сифати қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Дар илми ҳуқуқшиносӣ вобаста ба мафҳуми ҳуқуқэҷодкунӣ андешаи ягона ҷой надорад. Баъзе аз гуруҳи олимон ҳуқуқэҷодкуниро маҳз фаъолияти давлат меҳисобанд. Гурӯҳи дигар бошад, иштироки давлат ва ҳалқро дар раванди ҳуқ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 40
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан