Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ МУАММОҲОИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ БА ҲИМОЯИ НОБОЛИҒ ДАР МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

Дар мақолаи мазкур муаллиф ба ҳуқуқи бо ҳимоятгар таъмин гардидан, яке аз шаклҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, иштироки ҳимоятгар ҳангоми пешбурди парванда дар симои адвокат. Натиҷаи омӯзишҳо нишон дод, ки на дар ҳамаи қонунгузории хориҷӣ шакли ҳимояи дукаратаи гумонбарони ноболиғ, ки дар содир кардани ҷиноятҳо айбдор карда мешаванд, мавҷуд аст. Дар фазои илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ яке аз масъалаҳои мубрамро таъмин гардидани ҳимоятгар ва дар маҷмуъ ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиавӣ ташкил менамояд. Ҳуқуқи бо ҳимоятгар таъмин гардидан, яке аз шаклҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва р

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 353
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан