Central AsianResearch Index

БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ АЛОМАТҲОИ ТАРАФИ ОБЪЕКТИВИИ ҶИНОЯТИ АЗОБУ УҚУБАТ

Мақола ба таҳлили аломатҳои тарафи объективии ҷинояти азобу уқубат бахшида шудааст. Дар асоси омӯзиши адабиёти илмӣ ва амалияи судӣ масъалаҳои муайян намудани мафҳуми азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, аломати мунтазамӣ, инчунин усулҳои дигари зӯроварӣ ҳамчун шаклҳои содир намудани ин ҷиноят мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф баҳси илмиро оид ба табиати ҳуқуқии таркиби ҷинояти азобу уқубат (расмӣ ё моддӣ) таҳлил намуда, мавқеи тарафдорони сохтори моддии таркиби мазкурро асоснок менамояд. Дар мақола, инчунин нишон дода мешавад, ки аломати «мунтазамӣ» танҳо ба нишондиҳандаи миқдорӣ маҳдуд намешавад, балки бояд бо дарназардошти ягонагии рафтор ва иртиботи дохилии кирдори зӯроварона арзёбӣ гардад. Ба масъалаи фарқгузории азобу уқубат аз дигар ҷиноятҳо тавассути ворид намудани аломати «бераҳмии махсус» ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КҶ ҶТ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 338
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан