Central AsianResearch Index

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТӢ ДАР САМТИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ТАЙЁР КАРДАН Ё БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДАНИ ПУЛ Ё КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ҚАЛБАКӢ (СОХТА)

Дар ин мақола таърихи ташаккул ва инкишофи қонунгузории ҷиноятӣ дар самти ҷавобгарӣ барои тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта), ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои он дар моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, омӯхта мешаванд. Дар натиҷаи омӯзиши назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мавзӯи таҳқиқшаванда ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллиф ба хулосае меояд, ки тамоюли паҳншавии сохтакории пул ва қоғазҳои қимматноки қалбакӣ ба амнияти иқтисодии давлатҳо таҳдиди воқеӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ташкили системаи таъсирбахши мубориза бо ин ҷиноят, ки торафт бештар хусусияти ҷаҳонӣ пайдо мекунад, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи кишварҳо мебошад. Яке аз ҷинояти вазнин ин тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта) мебошад, ки решаҳои чуқури таърихӣ дорад. Таҳлили таърих боварибахш нишон медиҳад, ки са

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 309
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан