Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЗАРАР ДАР ҶИНОЯТҲОИ ЭКОЛОГӢ

Дар мақола масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои зараре, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои экологӣ ба вуҷуд меояд, мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Таҳлили мавқеи олимон нишон медиҳад, ки фаҳмиши ягонаи мафҳуми «зарари экологӣ» дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ пурра ташаккул наёфтааст. Муаллиф хусусиятҳои асосии зарари экологиро, аз ҷумла мураккабӣ, паҳншавӣ дар фазо ва вақт, инчунин таъсир ба манфиатҳои ҷомеа муайян менамояд. Дар мақола, инчунин масъалаи таснифи оқибатҳои ҷиноятҳои экологӣ, мушкилоти муайян ва баҳогузории онҳо, инчунин норасоиҳои қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар натиҷа, зарурати такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи меъёрҳои дақиқи баҳодиҳии зарари экологӣ асоснок карда мешавад. Зараре, ки дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба вуҷуд меояд, тағйиротро дар муҳити зист инъикос намуда, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ бо истилоҳи «оқибатҳои ҷ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 301
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан