ИСТИФОДА АЗ НИЗОМИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ – ЯКЕ АЗ ЧОРАҲОИ ПАСТ НАМУДАНИ САТҲИ КОРРУПСИЯ
Дар мақола масъалаҳои истифодаи низоми ҳукумати электронӣ ва омилҳои паст намудани коррупсия мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода шудааст. Ҳамзамон, мақола фарогири маълумоти оморӣ буда, рушди босурати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунониро марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ақидаҳои олимону коршиносон ва таклифу пешниҳодҳои судманд дар бар мегирад. Истифода аз низоми ҳукумати электронӣ, яке аз имкониятҳо оид ба паст намудани амалҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Зеро мавҷи афзояндаи ин падидаи номатлуб чораҳои пешгирии омилҳои ба қонуншиканиҳо мусоидаткунандаро ба миён оварда, пешрафти фаъолиятро дар ҳамагуна соҳаҳои мухталифи ҷомеа инкишоф медиҳад. Аслан пешгирӣ – маънои таблиғи доимӣ бо мардумро дорад ва ҷазо системаи устувори ҳифзи ҳуқуқ ва судро пешбинӣ мекунад, ки метавонанд, эътимод ва мустақилиятро таъмин намоянд [1, с. Имрӯз сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳу
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 295
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан