НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи нақши муассисаҳои олии таълимӣ дар рушд ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф аҳамияти ҳуқуқэҷодкунӣ, нақши муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва саҳми онҳо дар таъмини принсипҳои илмият, қонуният ва демократӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро мавриди таҳлил қарор додааст. Дар мақола заминаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии иштироки муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар раванди таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, таҷрибаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешниҳоди таклифу хулосаҳое, ки хусусияти илмӣ ва ҳуқуқӣ доранд, нишон дода шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки густариши ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба баланд гардидани сифати қонунгузорӣ ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ яке аз о
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 26
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан