УСУЛҲО ВА ВОСИТАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ МОНИТОРИНГИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Дар мақолаи мазкур усулҳо ва воситаҳои амалигардонии мониторинги қонунгузорӣ, фаъолияти қонунгузорӣ, моҳияти мониторинги қонунгузорӣ, мақсади мониторинги ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқии мониторинги қонунгузорӣ, воситаҳои мониторинги қонунгузорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Аз дидгоҳи илмӣ, мониторинги қонунгузорӣ ҳамчун механизми муассири ҳамгироии назария ва амалия баромад намуда, имконият фароҳам меорад, ки меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи воқеияти иҷтимоӣ ба таври низомнок, ҳамаҷониба ва далелнок арзёбӣ карда шаванд. Фаъолияти қонунгузорӣ як навъи фаъолияти ҳуқуқӣ буда, дар доираи талаботи қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Ба андешаи М.Х. Матробов «мониторинги қонунгузорӣ дар муқоиса ба дигар намудҳои мониторинги ҳуқуқӣ васеъ буда, фаъолиятҳои марбут ба пайгирӣ, арзёбӣ ва баҳодиҳии раванди эҷоди меъёрҳои қонун, иттилоотонии ҷомеа аз вазъи қонунгузо
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 21
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан