Central AsianResearch Index

НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАНЗИМИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

Дар мақолаи мазкур аз ҷониби муаллиф нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар рушди ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Махсусан, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардидаанд, нишондоди мушаххасро оид ба танзими ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ пешбинӣ менамоянд, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохил ӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун санади сиёсӣ – ҳуқуқии Сарвари давлат дар ҳаёти давлатӣ – ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи махсус ва намоёнро ишғол менамояд, зеро дар он кулли масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 197
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан