КОРИ МУШТАРАК (КОР ДАР ДУ Ё ЯКЧАНД ҶОЙ): МАФҲУМ ВА ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ОН
Дар мақола институти кори муштарак ҳамчун шакли махсуси татбиқи фаъолияти меҳнатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Мафҳум, аломатҳо ва намудҳои кори муштарак, инчунин хусусиятҳои танзими ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба андешаҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба фаҳмиши кори муштарак, масъалаҳои таъмини кафолатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ва маҳдудиятҳои муқарраршуда равона карда шудааст. Аз натиҷаи таҳқиқи масъалаи мазкур зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар танзими кори муштарак бо назардошти таҳаввули бозори меҳнат ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ асоснок карда мешавад. Равандҳои муосири иҷтимоию иқтисодӣ, рушди шаклҳои чандиру иловагии шуғл ва афзоиши ниёзи аҳолӣ ба манбаъҳои иловагии даромад боиси густариши институти кори муштарак гардидаанд. Дар чунин шароит, кори муштарак аҳамияти хоса пайдо мекунад, зеро он татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 183
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан