АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МАШҒУЛ ШУДАНИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муаллиф дар мақолаи мазкур доир ба асосҳои (заминаҳои) ҳуқуқии машғул шудани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҳлили адабиёти илмии ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин қонунгузории амалкунандаи маданӣ ва соҳибкории кишварамон изҳори ақида намудааст. Дар он муаллиф пеш аз ҳама, доир ба асосҳои ҳуқуқии умумӣ ва махсуси машғул шудани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба мавзуи мақолаи мазкур изҳори назар намудааст. Муқаддима. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои ҳуқуқӣ барои ноил гардидан ба мақсади асосии фаъолияти хеш, ки амалигардонии фаъолияти гуногуни фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад, дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро доранд. Аз ин рӯ, зару
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 162
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан