ДУРНАМОИ ИСЛОҲОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАДАНӢ БАРОИ ҲАМГИРОИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ШАРТНОМАВӢ
Мақола дурнамои ислоҳоти қонунгузории маданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамгироии зеҳни сунъӣ (минбаъд – ЗС) дар муносибатҳои шартномавӣ баррасӣ мекунад. Дар асоси принсипҳои классикии ҳуқуқи шартномавӣ (озодии ирода, муайянии ӯҳдадориҳо, адолат) ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллиф он масъалаҳои нави ҳуқуқӣ, аз қабили муайянии иродаи тарафҳо дар смарт -контрактҳо, масъулият барои хатоҳои алгоритмӣ, ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи тарафи заифро таҳлил менамоя нд. Стратегияи рушди ЗС то соли 2040 ва таҷрибаи байналмилалӣ (Қонуни Иттиҳоди Аврупо оид ба зеҳни сунъӣ (EU AI Act), Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ҳамчун замина барои ислоҳот пешниҳод мешаванд. Хулосаҳо ба зарурати такмили Кодекси мадании ҶТ, қабули қонуни махсус оид ба ЗС ва ҳамоҳангсозӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ равона шудаанд, то ҳамгироии бехатари ЗС дар муносибатҳои шартномавӣ таъмин гардад ва рушди устувори иқтисоди
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 144
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан