ҶАВОБГАРИИ МАДАНӢ-ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТҲОИ ВАКОЛАТДОР, КИ ҒАЙРИҚОНУНӢ СИРРИ БОНКИРО ФОШ КАРДААНД
Дар мақолаи мазкур мақомотҳои ваколатдор, ки ғайриқонунӣ сирри бонкиро фош кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар таҳқиқоти мазкур ҷавобгарии мақомоти ваколатдор аз ҷиҳати маҳдуд ва дар асоси қонугузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҷавобгарии маданӣ -ҳуқуқии кормандони мақомоти ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ, ки дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва бепарвои бидуни розигигии муштарии бонк берун аз фаъолияти кориашон хунукназарӣ карда, маълумоти молиявии муштарии бонкро ифшо менамоянд нисбаташон намудҳои гуногуни ҷавобгарӣ аз ҷумла ҷавобгарии маданӣ -ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи гирифтани иттилооти марбут ба сирри бонкиро доранд, тибқи талаботи қонунгузорӣ уҳдадоранд сирри касбӣ, хизматӣ ва бонкиро қатъиян риоя намуда, чунин маълумотҳоро берун аз фаъолияти хизматии худ истифода набаранд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар адабиётҳои ҳуқуқӣ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 134
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан