Central AsianResearch Index

РАҚАМИКУНОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Мақола ба таҳлили рақамикунонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида шудааст. Дар мақола муаллиф равандҳои таҳия, муҳокима, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва истифодаи технологияҳои рақамиро баррасӣ мекунад, ки самаранокии ҳокимияти қонунгузориро афзоиш медиҳанд. Рушди бемайлони низми иқтисод ӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир бо таъсири назарраси ҷараёни рақамикунони тавсиф мегардад. Марҳилаи муосири рушди иқтисодии ҷаҳон ва рушди иҷтимоӣ бо таъсири назарраси рақамикунонӣ баҳогузорӣ мегардад. Ҷаҳонишавии рақамикунонӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба ташаккули иқтисоди рақамӣ оварда мерасонад, ки он низоми нави муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва технологӣ байни давлат, ва шаҳрвандонро ба вуҷуд меорад. Мусалам аст, ки ҷараёни рақамикунон ӣ дар фазои фарохи иттило отӣ бо истифодаи васеи технологияҳо амалӣ карда мешавад. Он метавонад намудҳо ва шаклҳои рақамии истеҳсолот ва расонидан

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 13
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан