БАЪЗЕ АЗ МАСЪЛАҲО ДОИР БА МАФҲУМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚИ МАДАНИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
Дар мақолаи мазкур таҳлили мафҳуми суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии ҳуқуқи мадании соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ анҷом дода шудаааст. Муаллиф қайд менамояд, ки муай ян намудани мафҳуми шартномаи суғуртаи ҷавобгарӣ аҳамият и муҳим дорад. Ҳамчунин, дар мақола таҳлили мафҳумҳои суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи молу мулкӣ дар доираи қонунгузории мадани и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назарияи ҳуқуқи маданӣ амалӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ягонаи шартномаи суғурта, ки мазмуни ҳаматарафаи онро дар бар гирифта шуда бошад, вуҷуд надорад. Танҳо мафҳумҳои шартномаҳои суғуртаи шахсӣ ва амвол оварда шудааст. Ҷойгир накардани мафҳуми ягонаи шартномаи суғурта ба як қатор душвориҳо оварда расонидааст. Зеро, дар таҳлили Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи шахсиро аз амвол ҷудо намудан душвор мебошад. Суғуртаи ҳатмии ҷавобгари и ҳуқуқи мадании соҳибони
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 121
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан