ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИ МАДАНИИ АШЁИ ҒАЙРИМАНҚУЛИ ДАР ОЯНДА СОХТАШАВАНДА
Молу мулки ғайриманқул яке аз объектҳои марказии муомилоти маданӣ буда, тибқи талаботи қонунгузорӣ ашёи ғайриманқули дар оянда сохташаванда низ объекти муомилоти маданӣ шуда метавонад. Дар пасманзари ҳангоми анҷом додани муомилот дар шакли нақдӣ ҷой надоштани ашёи ғайриманқули дар оянда сохташаванда мушкилоти муайяни ҳуқуқӣ, аз ҷумла поймолшавиии ҳуқуқу манфиатҳои иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ пайдо мегардад. Дар ин мақола масъалаҳои мазкур аз нигоҳи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Объекти муомилоти маданӣ на танҳо ашёҳои нақдӣ, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои молумулкӣ, инчунин ашёҳое шуда метавонанд, ки ҳангоми анҷом додани муомилот дар шакли нақд ҷой надоранд. Вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ зарурати анҷом додани муомилот бо ашё ва ҳуқуқе пайдо мегардад, ки он дар оянда ба вуҷуд меояд. Барои ин дар қонунгузорӣ муқаррароти алоҳида пешбинӣ гардидааст, ки онҳо мақсадашон ҳи
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 112
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан