МАФҲУМИ ТОВОНИ ЗАРАРИ МАЪНАВӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақола ба таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии товони зарари маънавӣ дар қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф мафҳуми зарари маънавиро аз нуқтаи назари фалсафӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ таҳлил намуда, муносибати илмӣ нисбат ба истилоҳҳои «зарар», «зиён», «хисорот» ва «зарари маънавӣ» -ро баррасӣ мекунад. Асосҳои конститутсионӣ ва маданӣ -ҳуқуқии ҷуброни зарари маънавӣ, аз ҷумла муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КМ ҶТ) мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар мақола хусусиятҳои ҳуқуқии неъматҳои ғайримолумулкӣ, ҷойгоҳи онҳо дар низоми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва нақши институти товони зарари маънавӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ таҳлил шудаанд. Ҳамчунин мушкилоти амалияи судӣ вобаста ба муайян намудани андозаи товони зарари маънавӣ ва зарурати такмили танзими ҳуқуқии ин институт асоснок карда мешавад
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 105
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан