Central AsianResearch Index

ОСОРИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС ОИД БА ДАВЛАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶОМЕАИ АДОЛАТПАРВАР

Дар мақола аломатҳо ташаккул ва рушди модели давлати ҳуқуқбунёд дар осори олмони форсу тоҷик таҳлил гардида, заминаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии он таҳлил мешаванд. Зарур ба таъкид аст, ки таърихи афкори сиёсию ҳуқуқии миллӣ бо ғояҳо ва консепсияҳои гуногуни марбут ба модели идеалии сохтори ҷамъиятӣ ғанӣ буда, онҳо ба таври зич бо ормон ва интизориҳои ниёгони мо ҷиҳати ташаккули идоракунии одилонаи давлатӣ вобастагӣ доранд. Мавзуи ҷомеаи идеалӣ дар зуҳуроти мухталифи худ, ба ин ё он андоза, қариб дар тамоми осори мутафаккирони классики мо инъикос ёфтааст, ки ин падида дорои асоси мантиқӣ ва қонуниятҳои таърихии худ мебошад. Муаллиф бо истифода аз истилоҳоти муосири илмӣ, давлати идеалиро ҳамчун як ташаккули сиёсӣ -ҳуқуқӣ маънидод мекунад, ки ба рушди фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа мусоидат намуда, барои расидан ба суботи иҷтимоӣ ва ноил гаштан ба саодатмандӣ дар доираи меъёрҳои миллӣ асоснок карда

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 2, С. 100
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан