Central AsianResearch Index

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ-ҲУҚУҚИИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои назариявӣ -ҳуқуқии рутбаҳои дараҷавии кормандони прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтааст. Муаллиф таърихи пайдоиши рутбаи дараҷавии кормандони прокурорӣ, мафҳуми он, моҳият, намудҳо ва асосҳои сарфароз ва маҳрум намудан аз онро дар низоми хизмати давлатии ҳифзи ҳуқуқ дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор додааст. Ба таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рутбаҳои дараҷавии кормандони прокурорӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаҳои соҳавӣ диққати махсус дода шудааст. Дар мақола мушкилоти амалии сарфароз намудани рутбаҳои дараҷавӣ, айният дошани номгӯи онҳо бо дигар номгӯи рутбаҳои дараҷавӣ, инчунин норасоиҳои танзими ҳуқуқии рутбаҳои дараҷавӣ ошкор гардидааст. Муаллиф пешниҳодҳои мушаххас оид ба такмили қонун

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 234
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан