Central AsianResearch Index

МАЗМУНИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МАЪМУРИИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ: АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛӢ

Дар мақолаи мазкур махсусияти танзими ҳуқуқии маъмурии амнияти озуқаворӣ баррасӣ гардидааст. Танзими ҳуқуқии маъмурии амнияти озуқаворӣ василаи муҳимми таъмини муносиби амнияти озуқаворӣ мебошад ва дар пешгирии таҳдидҳо ба амнияти мазкур дорои аҳаммияти махсус мебошад. Бояд зикр кард, ки дар мақола адабиёти гуногуни илмӣ истифода гардидааст, ки барои фаҳмиши танзими ҳуқуқии маъмурии амнияти озуқаворӣ аҳаммияти хос доранд. Дар асоси омӯзиши равишҳои назариявӣ, андешаҳои илмии муаллифон вобаста ба масъалаи мазкур баён гардидаанд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ гуногунранг буда, танзими онҳо шарти муҳими банизомдарорӣ ва мунтазам рушд додани онҳо маҳсуб меёбад. Дар ин радиф, танзими ҳуқуқӣ дар субот ва низомнокии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, тавассути ҳуқуқ ва дар маҷмуъ воситаҳои ҳуқуқӣ таъсиррасонии ҳуқуқиро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ равона менамояд [2, с. 3]. Бояд тазаккур дод, ки мо

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 226
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан