Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ АЛОМАТҲОИ СУБЪЕКТИВИИ ТАҶОВУЗ БА НОМУС

Дар мақола масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба тарафи субъективии ҷиноят бо таваҷҷуҳ ба таҷовуз ба номус баррасӣ мегарданд. Тарафи субъективӣ ҳамчун ҷанбаи дохилии таркиби ҷиноят, ки муносибати равонии шахсро нисбат ба кирдори содиршуда инъикос менамояд, таҳлил мешавад. Мазмуни унсурҳои асосии он - гуноҳ, ангеза ва мақсад - аз нуқтаи назари доктринаи ҳуқуқи ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, нақши онҳо дар бандубасти дурусти кирдор муайян карда мешавад. Таъкид мегардад, ки таҷовуз ба номус танҳо бо қасди бевосита содир шуда, мақсади қонеъ гардонидани хоҳиши ҷинсӣ бо роҳи зӯроварӣ унсури ҳалкунандаи тарафи субъективӣ мебошад. Дар заминаи таърихӣ таҳаввули меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии шахсият мавриди таҳлил қарор гирифта, гузариш аз фаҳмиши анъанавии «шаъну шараф ва иффат» ба консепсияи муосири ҳифзи озодии ҷинсӣ нишон дода мешавад. Инчунин, мафҳуми «mens

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 171
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан