Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030

Мақолаи мазкур таҳлили амалишавии Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2030-ро пешниҳод мекунад. Дар он дастовардҳои марҳилаи қаблӣ (2013 -2020), аз ҷумла мусодираи зиёда аз 33 тонна маводи нашъаовар ва коҳиши шумораи нашъамандон то 5099 нафар, таҳдидҳои нав (моддаҳои синтетикӣ, савдои онлайн, қонунигардонии даромадҳо), механизмҳои амалисозӣ дар ду марҳила, иқтидори кадрӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили қонунгузорӣ арзёбӣ шудаанд. Тавсияҳо барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир (зеҳни сунъӣ, blockchain) ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои минтақавӣ пешниҳод гардидаанд. Таҳлил нишон медиҳад, ки Стратегия потенсиали табдил ёфтани Тоҷикистон ба модели минтақавии мубориза бо маводи нашъаоварро дорад. Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва сарчашмаи маблағгузории терроризм

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 159
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан