ҲАМКОРИИ ИҶТИМОӢ ҶИҲАТИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Дар мақолаи мазкур оид ба баъзе аз масъалаҳои ҳамкории иҷтимоӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмиллалӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф дар мақолаи мазкур паҳлуҳои асосии ба мавзуъ рабтдошта, аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории иҷтимоӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дар меъёрҳои моддаҳои 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар шудаанд, мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор додааст. Пас аз эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар он давра дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 152
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан