Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ

Дар мақолаи мазкур мафҳум ва хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар низоми муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт баррасӣ шуда, моҳият ва хусусиятҳои фарқкунандаи он ошкор гардида, унсурҳои калидии он муайян мешаванд. Муаллиф асосҳои назариявӣ – ҳуқуқии иштироки шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии андозиро таҳлил намуда, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии онҳо ҳамчун субъекти махсуси ҳуқуқи андозро муайян мекунад. Дар мақола мазмун ва доираи қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалисозии ҳуқуқу уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, асосҳои ба миён омадани уҳдадории андозӣ, инчунин тартиби татбиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ баррасӣ мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди сармоягузории хориҷӣ ва тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ нақши шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ мунтазам меафзояд

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 139
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан