БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ-ҲУҚУҚИИ ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур мафҳум, моҳият ва табиати ҳуқуқии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили ҳамаҷонибаи илмӣ қарор дода шудааст. Дар мақола буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи танзими идоракунии молиявии давлат ва механизми татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ баррасӣ гардида, нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нишон дода шудааст. Муаллифон ҷанбаҳои иқтисодӣ, моддӣ ва ҳуқуқии хароҷоти буҷетиро таҳлил намуда, асосҳои қонунгузории танзими хароҷоти буҷетиро бо истинод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, дар мақола мушкилоти мавҷудаи низоми буҷетӣ, аз ҷумла камбудиҳои механизми баҳодиҳии самаранокӣ, шаффофият ва назорат муайян гардида, роҳҳои такмили онҳо бо истифода аз таҷриба пешниҳод карда шудааст. Буҷет ҳамчун воситаи идоракунии давлатӣ хизмат
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 131
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан