Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ БО НАЗАРДОШТИ НАРХҲОИ МОЛҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Мақолаи мазкур ба таҳқиқи асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими ҳуқуқии индексатсияи даромади аҳолӣ дар шароити тағйирёбии сатҳи нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо бахшида шудааст. Дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва тағйирёбии мунтазами индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ масъалаи ҳифзи қобилияти харидории аҳолӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар ин замина, индексатсияи даромад ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат барои таъмини устувории иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон баррасӣ Муаллиф асосҳои ҳуқуқии индексатсияи даромад, механизмҳои танзими он дар низоми қонунгузорӣ, инчунин нақши давлат дар татбиқи сиёсати иҷтимоиро таҳлил карда, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ пешниҳод манзур намудааст. Танзими ҳуқуқӣ яке аз ҷузъҳои таркибии низоми умумии идоракунии ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамчун раванди муназзами таъсири мақсадноки давлат тавассути воси

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 1, С. 125
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан