ТАНОСУБИ ТАРЗҲОИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ УҲДАДОРӢ ВА ТАРЗҲОИ (ВОСИТАҲОИ) ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МАДАНӢ
Дар мақолаи мазкур мафҳум ва хусусиятҳои тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ ва тарзҳои (воситаҳои) ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Инчунин, вазъи ҳуқуқии муайян кардани таносуби таъмини иҷрои уҳдадорӣ ва тарзҳои (воситаҳои) ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ ҳамчун падидаҳои ҳуқуқи маданӣ дар заминаи қонунгузории кишвар, қонунгузории кишварҳои ИДМ, адабиётҳои таърихӣ ва андешаву назарияҳои илмии олимони ватаниву хориҷӣ таҳлил карда шудааст. Мавҷуд будани муносибатҳои ҳуқуқии уҳдадорӣ байни тарафҳо худ аз худ иҷрои дахлдори онҳоро таъмин намекунад. Бинобар ин, бо мақсади нигоҳдории манфиатҳои кредиторон ва пешгирӣ ё камкунии оқибатҳои манфӣ дар натиҷаи иҷро накардани уҳдадорӣ ё иҷрои номатлуби он аз ҷониби қарздор, воситаҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ, ки дорои хусусияти маҷбурӣ мебошанд, муқаррар карда мешавад. Падидаи таъмини иҷрои уҳ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 101
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан