МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ
Мавзӯи мазкур ба баррасии самтҳои асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ равона шудааст, ки ҳадафи он ташаккули заминаҳои устувори иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ дар асоси навовариҳо мебошад. Ҳамзамон вазифаҳои калидии он, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ, ҷалби сармоя, тайёр кар дани мутахассисон ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ, мавриди таҳлил қарор мегиранд. Сиёсати давлатии инноватсионӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти стратегӣ, дар расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва муосирсозии иқтисодиёт нақши калидӣ мебозад. Дар мақола мақсади асосии ин сиёс ат баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, таҳкими рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ тавассути истифодаи дастовардҳои илмӣ ва технологӣ тавзеҳ дода мешавад. «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва ис тифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқт
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 82
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан