МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН ДАР НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Дар мақола масоили вобаста ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар низоми қонунгузорӣ ва устуворгардонии давлатдории миллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки Конститутсия, ҳамчун қонуни асосии давлат, асосҳои ҳуқуқии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муайян менамояд. Конститутсия чун санади ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, дар он масъалаҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, низоми фаъолияти қонунгузорӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мушаххас муайян карда мешаванд. Аз тарафи дигар, Конститутсия на танҳо сарчашмаи асосии соҳаи ҳуқуқи ко нститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки манбаи муҳимми дигар соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ, аз ҷумла ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Меъёрҳои дар он зикршуда ҳам бевосита ва ҳам та
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 77
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан