Central AsianResearch Index

МАЗМУНИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ: ТАҲЛИЛИ МАЪМУРӢ-ҲУҚУҚӢ

Иттилоот василаи муҳимтарини пайваст намудани равандҳо ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки барои таъмини самаранокии фаъолият ва қоне ъгардонии талаботи иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ равона мегардад. Дар идоракунии давлатӣ таъминоти иттилоотӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад, ки дар амалишавии функсияҳои дигари идоракунии давлатӣ мусоидат мекунад. Таъминоти иттилоотӣ дар идоракуни и давлатӣ асосҳои маъмурӣ -ҳуқуқиро доро буда, дар амалишавии вазифа ва ҳадафҳои идоракунии давлатӣ ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамояд. Дар мақола асосҳои маъмурӣ -ҳуқуқии таъминоти иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ баррасӣ гардида, мафҳум ва омилҳои ба он таъсиркунанда муайян шудааст. Ташкили идоракунии давлатии босубот тақозо менамояд, ки принсипҳо муҳимми ҳуқуқӣ, меъёрҳои тахлдори қонунгузорӣ ва арзишҳои дигар, ки бо таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ алоқаманданд ба роҳбарӣ гирифта шавад. Ошкоро ва шаффо

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 495
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан