Central AsianResearch Index

МАЗМУН ВА ТАБИАТИ МАЪМУРӢ-ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ

Дар мақолаи мазкур мазмун ва табиати маъмурӣ -ҳуқуқии мақомоти назорати давлатии молиявӣ баррасӣ гардидааст. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар амалӣ намудани функсияи назорати давлатии молиявӣ нақши муҳим дошта, ба таъмини қонуният ва интизом дар соҳаи молияи давлатӣ мусоидат менамояд. Махсусан, назорати истифодаи оқилона в а мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатиро амалӣ намуда, тартиботи молиявиро дар кишвар таъмин менамояд. Вобаста ба ин, масъалаи мазкур аз нигоҳи илми ҳуқуқи маъмурӣ баррасӣ гардида, дар он андешаи гуногуни илмӣ ва мавқеи муаллифӣ баён гардидааст. Мақомоти давлатӣ ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатиро ташкил медиҳад, ки дар амалисозии иродаи давлатӣ, ҳадафҳо, вазифаҳо ва функсияҳои давлатӣ нақши асосӣ ва марказиро иҷро мекунад. Тавре аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ а

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 479
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан