Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ИШТИРОКИ ПРОКУРОР ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИВӢ - ҲУҚУҚӢ ВА АМАЛӢ

Дар мақолаи илмӣ муаллиф масъалаи танзими ҳуқуқи иштироки прокурор дар истеҳсолоти иҷро: ҷанбаҳои назариявӣ - ҳуқуқӣ ва амалиро бо истифодаи қонунгузории ватанӣ баррасӣ намудааст. Дар заминаи таҳлилу баррасии ма съалаҳои истеҳсолоти иҷро таклифу пешниҳодҳои ҷолиби диққатро дар самти қонунгузории амалкардаистодаи истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст. Муаллиф муқаррарот ва нишондодҳои ҳуҷҷатҳо, санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигарро бо истифода аз санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳа, бо дарназардошти фикру андешаҳои олимони соҳа ва ҳисоботи омории Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд таҳлил намуда, масъалаи мазкурро самти муҳими назорати прокурорӣ маънидод намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [1] ва «Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мекунанд, ки прокуратура иҷрои дақиқ ва ягонаи қонунҳо ва усулҳои амалисозии ҳуқуқ

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 453
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан