ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаҳои ҷанбаҳои ҳуқуқии истифодаи технологияҳои иттилоотии электронӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ аз дидгоҳи на зариявии ҳуқуқӣ ва муқаррароти қонунгузорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Зикр гардидааст, ки дар ҷомеаи муосир, ки бо суръати баланд рушд намудани равандҳои рақамикунонӣ хос аст, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-электронӣ дар фаъолияти мақомоти ҳ ифзи ҳуқуқ ва адлия ба яке аз самтҳои муҳим табдил ёфтааст. Равандҳои таҳқиқ, ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо, ташкили муоширати мурофиавӣ, назорати амалиётҳои тафтишотӣ ва баррасии парвандаҳо дар суд беш аз пеш ба истифодаи абзорҳои электронӣ такя мекунанд. Асри кунунӣ марҳилаи ҷаҳонишавӣ буда, яке аз омилҳои асосии он барпо намудани ҷомеаи итилоотӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон иттилоот омили асосии тезонидани ҷараёни ҷаҳонӣ буда, функсияи асосии он ҳамгироии фаъолияти субектони ҷаҳонишавӣ ва ҷараёни ҷаҳо
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 433
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан