Central AsianResearch Index

МОҲИЯТ ВА НАМУДҲОИ АЙБДОРКУНӢ ДАР МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

Мақолаи мазкур оид ба даврабандӣ ва инкишофи такмилёбии яке аз намудҳои айбдоркунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, шакли айбдоркунии хусусӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ақидаҳои муаллифон бо мақсади аз байни дигар шаклҳои айбдоркунӣ ҷудо намудани айбдоркунии хусусӣ, моҳияти онро дар давраҳои мухталиф мавриди омӯзиш қарор дода, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Мурофиаи ҷиноятӣ тарзи маъруфи ҳим ояи ҳуқуқи инсон, манфиати ҷоме аву давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона, аз таъқиботи беасос, ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодии инсон буда, дар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баҳри таъмин намудани ҳақу адолат оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Ин тарзи маъруф танзими тартиботи махсуси мурофиавӣ аст, ки чун қоида барои иштирокчиён шароити мусоиди ошкоро ва баробар муҳайё мекунад, т

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 427
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан