Central AsianResearch Index

ҲОЛАТҲОИ САБУККУНАНДАИ ҶАЗО ДАР НИЗОМИ АСОСҲОИ УМУМИИ ТАЪИНИ ҶАЗО

Дар мақолаи мазкур таҳлили илмии институти ҷазои ҷиноятӣ, таъини ҷазои ҷиноятӣ ва ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шудааст. Инчунин, дар мақолаи мазкур оид ба масъалаҳои ба инобат гирифтани ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо тибқи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии ҳозира малкунанда ва қиёс бо меъёри мустақили моддаи КҶ ҶШС Тоҷикистон соли 1961 таҳқиқот бурда шудааст. Баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқат намудани қонунгузориҳо ба принсипҳои умумиэът ирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин ислоҳоти ҳуқуқӣ як қатор уҳдадориҳоро ба зимма гирифт. Шакли асосии иҷрои чунин уҳдадориҳо ин имплементатсия намудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ ба ҳисоб мерафт. Баъдан, қабул нам удани Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии миллӣ, аз

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2025 · № 4, С. 393
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан