МАСОИЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ОБЪЕКТИ ҶИНОЯТҲОИ ЭКОЛОГӢ
Дар мақола равишҳои назариявӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани объекти ҷиноятҳои экологӣ дар ҳуқуқи ҷиноятӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Дар асоси таҳлили муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин андешаҳои доктриналии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, мазмуни объекти хелӣ ва объекти намудии ҷиноятҳои экологӣ ошкор карда мешавад . Таваҷҷуҳи махсус ба мафҳуми амнияти экологӣ, муносибати он бо тартиботи ҳуқуқии экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист равона гардидааст. Муаллиф ба хулосае меояд, ки амнияти экологӣ ҳамчун объекти хелии мураккаб ва фарогири ҷин оятҳои экологӣ баромад намуда, на танҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳои экологиро, балки ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии инсонро аз таҳдидҳои антропогенӣ ва табиӣ низ дар бар мегирад. Зарурати татбиқи равиши низомманд ва фарогир нисбат ба ҳифзи ҷиноятии муносибатҳои экологӣ дар
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 386
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан