НАМУДҲОИ РЕТСИДИВИ ҶИНОЯТ ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТӢ ВА НАЗАРИЯИ ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ
Мақола ба таҳлили ҳамаҷонибаи зуҳурот, моҳият ва намудҳои ретсидиви ҷиноят дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ бахшида шудааст. Дар он таърифи ретсидив, ал оматҳои ҳуқуқии он ва асосҳои ба намудҳо ҷудо гардидани ретсидив баррасӣ мегардад. Муаллиф бо такя ба қонунгузории амалкунанда, махсусан моддаи 21 КҶ ҶТ, хусусиятҳои ретсидиви оддӣ, хавфнок ва махсусан хавфнокро таҳлил намуда, масъалаи муносибати меъёрҳои қонунгузор оид ба дараҷаҳои хавфнокӣ ва таҷрибаи судиро арзёбӣ менамояд. Дар мақола масъалаи ба намудҳо ҷудо намудани ретсидив ҳамчун яке аз механизмҳои муҳими фарқгузории ҷавобгарии ҷиноятӣ маврид таҳлил қарор гирифта, нишон дода мешавад, ки асосҳои тасни фи ретсидив аз хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷиноятҳо, шумораи доғи судӣ, шакли гуноҳ, алоқаи ҷиноятҳои қаблӣ ва нав, инчунин омилҳои криминологӣ вобаста мебошад. Ретсидив аз калимаи лотинии rec
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 378
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан