БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ
Дар мақола ба масоили танзими ҳуқуқии ҳамкории милитсия бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар муқовимат ба терроризм диққати асосӣ матраҳ гардида, бархе аз масоили мубрам марбут ба нокомилии асосҳои ҳуқуқии ташкили ҳамкории милитси бо мақомоти болозикр, аз ҷумла бо мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳрак ва деҳот, иттиҳодяҳои динӣ ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кушода шудаанд. Дар партави ислоҳоти муосири асосҳои сохторӣ -ташкилии милитсия, назари муаллиф ҷиҳати мукаммалсозии асосҳои ҳуқуқии ҳамк ории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандаӣ дар муқовимат ба терроризм таҷассум ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки боби 6 -уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба танзим медарорад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроя иборат буда, дар доираи салоҳиятҳои худ иҷроиши талаботи санадҳои маъ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 367
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан